Дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент боз як бинои нӯҳқабатаи истиқоматии хуштарҳ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Зимни маросими ифтитоҳи бинои нав, ки бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд, иттилоъ дода шуд, ки бинои нави истиқоматӣ аз нӯҳ қабат иборат буда, дорои 96 манзили барҳавои хуштарҳ мебошад ва онро ҶДММ “Бинокор- 2016” бо сифати хуб бунёд намудааст.
Дар қабати аввали бинои истиқоматӣ маркази тиҷорату хидматрасонӣ ҷойгир буда, бино бо лифт, оби доимии нӯшокӣ, ки тавассути чоҳи амудӣ кашида мешавад, майдончаи бозии кӯдакон ва ҷой барои нақлиёт таъмин аст.
Нахустин истиқоматкунандагони бинои нав аз тарҳу намо ва шароити ҳуҷраҳо изҳори хушнудӣ намуданд.
Дар маҷмӯъ дар шаҳр дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии кишвар 760 иншооти гуногун мавриди истифода қарор гирифта, ҳоло дар зиёда аз 224 иншоот, аз ҷумла 48 бинои истиқоматии бисёрошёна бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 4 бинои муассисаи тандурустӣ, 14 бинои муассисаи таълимӣ, 2 бинои муасссисаи томактабӣ, 10 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, 4 меҳмонхона, 4 бинои маъмурӣ, 15 иншооти варзишӣ ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ кор бо маром идома дошта, дар онҳо беш аз 2852 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд.



