Дар шаҳри Панҷакент бунёди боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ идома дошта, корҳои сохтмонӣ дар он тибқи нақша ҷараён доранд.
Тавре зимни муаррифии лоиҳа ба Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, дар ҳудуди боғ пайкараи Ҳаким Фирдавсӣ гузошта шуда, ҳамзамон гулгаштҳо ва маконҳои муосири истироҳатӣ бунёд мегарданд.
Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази оши палав ва Маҷмааи сайёҳӣ шинос гардид.
Зикр шуд, ки бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда дар ин мавзеъи хушбоду ҳаво, барои қабули меҳмонон ва сайёҳон шароити муосир фароҳам оварда мешавад. Бо дарназардошти таърихӣ будани шаҳри Панҷакент, бунёди чунин иншооти хизматрасонӣ метавонад ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ таъсири назаррас расонад.
Ҳамзамон, дар шаҳр бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият бозори нав бунёд гардидааст. Пешбинӣ мешавад, ки соҳибкороне, ки ба фурӯши матоъ машғуланд, фаъолияти худро дар ин бозор ба роҳ монанд.
Бозори нав бо риояи талаботи муосир, аз ҷумла таъмини бехатарӣ аз сӯхтор ва меъёрҳои беҳдошти санитарӣ сохта шуда, барои харидорон ва фурӯшандагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Панҷакент: Боғи Фирдавсӣ ва маркази оши палав
Блоки рекламавӣ


