Дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент боз як бинои хуштарҳи баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдою хидматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳи бино ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, бино аз 11 қабат иборат буда, онро ширкати сохтмонии “Сабрсохтмон”-и соҳибкор, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Нӯъмон Шафиев бунёд карда, аз 67 ҳуҷраи ду, се ва чорхонагӣ иборат буда, дар ду қабати аввали он нуқтаҳои савдо ва хидматрасонӣ ҷойгир гардидаанд.
Дар бахши бонки тиҷоратии “Ҳумобонк”, маркази тафреҳи кӯдакон, мағозаҳои хӯрокворӣ ва молҳои саноатӣ, ки дар ду ошёнаи аввали бино ва таҳхонаи он ҷойгир шудаанд, наздик ба сад ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.
Бино бо лифт, хати об ва дигар инфрасохтори меъёрӣ барои биноҳои баландошёна муҷаҳҳаз гардонида, саҳн ва роҳи пиёдагарди назди он сафолакпӯш карда шудааст.
Дар маҷмӯъ, ҳоло дар шаҳр бунёди беш аз чил бинои истиқоматии баландошёна бо марказҳои тиҷорату хидматрасонӣ идома дошта, то ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз бистои он ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Панҷакент: Бинои нави ёздаҳошёна
Блоки рекламавӣ


