Ин навбат дар рӯзи қабули раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбе баргузор мешавад, сӣ нафар сокинони шаҳр бо масъалаҳои гуногун пазируфта шуданд.
Дар муроҷиатҳои шаҳрвандон асосан масъалаҳои беҳдошти шароити манзил, таъминот бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ,оби полезию нӯшокӣ, мусоидат ба бунёди боғ, ҳалли баҳси замин, расонидани кӯмаки молиявӣ ва дигар масъалаҳо ба миён гузошта шуданд.
Зимни шунидани арзи шаҳрвандон ба сенздаҳ нафар моҳият ва роҳҳои қонунии ҳалли муроҷиатҳояшон фаҳмонида, барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ба миёнгузоштаи ҳабдаҳ нафар ба ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастур дода шуд.
Ҳамчунин ҳангоми шунидани муроҷиатҳо зимни қабул бевосита ба ду нафар кӯмаки молиявӣ расонида, ба сокини деҳаи Нигнот дар қатори ташкили боғ дар заминҳои кӯҳӣ барои бунёди муассисаи томактабӣ дар деҳа маслиҳат доданд.

Панҷакент: Қабули муроҷиати шаҳрвандон
Блоки рекламавӣ


