Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди 984 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 809 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.
Дар айни замон сохтмони Маркази оши палов ва таъмиру таҷдиди бинои асосии осоишгоҳи «Шифо», бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 дар деҳаи Озодагон, бинои маъмурии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳр, бинои маъмурии шуъбаи маориф ва хонаҳои истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, Боғи фарҳангии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар қисмати шарқии шаҳр идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь