Шаҳри Панҷакент даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиши кишварро пеш аз муҳлат ба анҷом расонидааст. Дар ин бора комиссари Комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент Фирдавс Шарифзода ба farah-info.com иттилоъ дод.
Тибқи маълумоти полковник Шарифзода, нақшаи даъвати наваскарони соли таваллудашон 1998-2003 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар Панҷакент 35 рӯз пеш аз мӯҳлат, бе “облава”-ю дигар корҳои ғайриқонунӣ иҷро гардид.
– Дар ҳамкорӣ бо ТҶММ беш аз 160 нафар ҷавонро, ки дар мактаби ронандагӣ таҳсил мекарданд, ихтиёрӣ ба аскарӣ гусел кардем, ки ин боиси ифтихор аст, – гуфт Фирдавс Шарифзода.
Даъвати тирамоҳии ҷавонон аз 1-уми октяб то 31-уми ноябр идома меёбад, ки маъмулан ин айёмро дар байни мардум мавсими “облава” меноманд.
Блоки рекламавӣ