Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2040» дар шафати роҳи байналмилалии ҳудуди деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва сокинони деҳоти Саразм иштирок намуда, беш аз 1500 бех ниҳоли ороишӣ ва сояафкан шинониданд.
Чунин ҳашарҳои ниҳолшинонӣ дар дигар деҳот низ гузаронида мешаванд.
Блоки рекламавӣ



