Дар деҳаи Уртабулоқи ноҳияи Панҷ дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парки технологии инноватсионӣ дар сархати 3 гектар замин бунёд гардида истодааст.
Аз МИҲД-и ноҳияи мазкур иттилоъ доданд, ки Парки технологии инноватсионӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иншооти ҷашнӣ бунёд мегардад.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмин намудани ҷойҳои корӣ аз ҳисоби заминҳои литсейи касбии техникии ноҳия, дар масоҳати 3 гектар замин барои Парки технологии инноватсионӣ қитъаи замин ҷудо карда шуда, айни замон корҳои сохтмонӣ аз тарафи соҳибкор Пиров Собир дар масоҳати 1 гектар замин корхонаҳои истеҳсоли макарон, банду басти писта, истеҳсоли равған ва корхонаи пахтатозакунӣ бо маблағи 2 миллион сомонӣ рафта истодааст, ки барои таъмин намудани 50 нафар сокинони маҳал барои ҷойи кори доимӣ мусоидат хоҳад кард.
Саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи 4-уми миллӣ қабул гардида, дар татбиқи ин ҳадафи муҳими стратегӣ соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамнамудаи Ҳукумати мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь