Филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе соҳиби 5 воситаи нақлиёти барқии тамғаи BYD e2 шуд – хабар додааст Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Панҷ воситаи нақлиёти барқӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ба ин филиал дода шуд.
Ин нақлиёт ба шабакаҳои барқи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва хадамоти озмоишгоҳ таҷсим гардид. Дастрас намудани панҷ воситаи нақлиёти барқӣ ба филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт бартараф намудани садамаҳои технологӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони имсола муосидат хоҳад кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь