Бо ташаббуси Фонди ёрии байналмилалӣ дар вилояти Хатлон, 5 нафар аз шахсони дорои маъюбият дар ҳудуди ҷамоати деҳоти “Гулистон” бо аробачаҳои махсуси маъюбӣ таъмин гардиданд. Ин иқдом дар доираи барномаҳои дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ амалӣ гардида, ҳадаф аз он беҳтар намудани шароити зиндагии шахсони дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ мебошад.
Тақдими аробачаҳо дар асоси маълумотҳои ҷамъоваришуда аз ҷониби кормандони Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳамшираҳои тиббии маҳаллӣ сурат гирифт. Намояндагони Фонди ёрии байналмилалӣ ба саҳми фаъол ва ҳамкории зичи ин ниҳодҳо дар муайянсозии шахсони воқеан эҳтиёҷманд баҳо дода, изҳори сипос намуданд.
Масъулини Фонд иброз доштанд, ки чунин амалҳо танҳо як бахши кӯмакҳои башардӯстона буда, дар оянда низ лоиҳаҳои дастгирии маъюбон, афроди ниёзманд ва дигар гуруҳҳои осебпазир идома хоҳанд ёфт.
Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, дастрасӣ ба аробачаҳои маъюбӣ барои ин шахсон на танҳо имконияти ҳаракатро фароҳам меорад, балки умед ба зиндагии мустақил ва фаъолро низ эҳё месозад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь