Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон солҳои 2025-2026 дар соҳаи маорифу тандурустӣ ҳафтод дар садро ташкил додааст. Масъулони МИҲД-и ноҳия ва тандурустиву маориф талош доранд, то якуми октябри соли ҷорӣ пурра муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустиро ба зимистон омода кунанд.
Аз МИҲД-и ноҳияи Панҷ иттилоъ доданд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия барои хариди маводи сӯхт ба ин соҳаҳо 610 ҳазору 225 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша бояд ба соҳаи маориф ва тандурустӣ 430 тонна ангишт ворид карда шавад. Аз ин 367 тоннааш дар соҳаи маориф ва 63 тоннааш дар соҳаи тандурустӣ аст. Қайд гардид, ки ҳамзамон 18 тонна сӯзишворӣ барои гузаронидани зимистон бояд захира карда шавад. Айни замон омодагии муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустӣ дар ноҳияи Панҷ 70 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Ҷумъазода Муҳаммад афзуд, ки мо ҳамаҷониба ба зимистони имсола омода буда, ба қадри кофӣ ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ ва маводи дорувориву хуроквориро харидорӣ ва захира кардаанд.

Панҷ: Ба зимистон омода мешавад?
Блоки рекламавӣ


