Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар доираи нақша – чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 70 синфхонаи иловагӣ ва 4 бинои иловагӣ бунёд шуда, айни замон сохтмони 30 синфхонаи иловагӣ ва ду кӯдакистон барои 360 кӯдак рафта истодааст.
Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Икромиддинзода Диловар гуфт, ки дар ноҳия барои таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст дар доираи корҳои омидагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ, саҳми падару модарон ва шахсони саховатманд бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бомаром идома доранд.
Номбурда илова кард, ки айни замон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ сохтмони 30 синфхонаи иловагӣ барои наздики 1000 хонанда дар як баст ҷараён доранд.
Ӯ афзуд, ки ҳамзамон 4 бинои иловагӣ бунёд гардида, айни замон сохтмони шӯъбаи маорифи ноҳия рафта истодаст, ки дар ифтитоҳи чанд иншооти он тариқи онлайнӣ Роҳбари давлат иштирок карданд.
Мудири Шӯъбаи маорифи ноҳияи Панҷ Икромиддинзода Диловар афзуд, ки соли гузашта 70 синфхонаи иловаги бунёд карда шуд, ки ин барои аз байн бурдани ҷойи нишаст мусоидат мекунад.
Илова карда шуд, ки баҳри ҷалби бештари кӯдаон ба муассисаҳои томактабӣ дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфиддинов сохтмони 2 муассисаи томактабӣ яке барои 200 кӯдак дигаре барои 160 кӯдак рафта истодаст, ки онҳо дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба истифода дода мешаванд.
Масуълони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ барои таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст ва дар шароити хуб ба таълиму тарбия фаро гирифтани онҳо аз ҳама имкониятҳо истифода карда истодаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь