Рӯзи омӯзгорон, ки ҳамасола якшанбе аввали моҳи октябр дар саросари Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, рамзи қадрдониву сипос ба аҳли илму маърифат ва равшангарони ҷомеа аст. Ба ин муносибат, тамомии омӯзгорон, зиёиён ва кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғдро бо иди касбӣ самимона шодбош мегӯям.
Чунонки Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва дарси сулҳ таъкид намуданд, маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол афзоиш дода мешавад. Агар ба далелҳо рӯй оварем, маълум мегардад, ки “дар 34 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ 67,4 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 6,2 миллиард сомонӣ, яъне дар маҷмӯъ, 73,6 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст, ки ба беҳтар гардидани шароити таҳсил, инфрасохтори соҳа ва вазъи иқтисодии омӯзгорон мусоидат карда истодааст”.
Дар баробари ин, ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешқадам, таъсиси ҷоизаҳои «Беҳтарин муассисаи таълимӣ» ва «Беҳтарин муассисаи томактабӣ», ба омӯзгорон додани роҳхатҳои ройгон ба осоишгоҳҳо аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба баланд гардидани манзалату обрӯи омӯзгорон мусоидат менамоянд.
Бо итминон изҳор медорам, ки омӯзгорони вилоят минбаъд низ ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, омӯзонидани илму дониш ва касбу ҳунар, тарбияи насли худшиносу худогоҳу ватанпарвар ва ба ин восита дар таҳкими сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва ваҳдати миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Бори дигар, омӯзгорон, собиқадорони соҳа, устодон ва кормандони соҳаи маорифро бо иди касбӣ табрику таҳният гуфта, дар роҳи иҷрои рисолати пуршарафи таълиму тарбияи фарзандони сазовори Ватан барору комёбӣ таманно дорам. Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь