Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, 34-умин солгарди Истиқлолият ва Рӯзи миллии Тоҷикистонро ба Президент Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати кишвар ва мардуми бародари тоҷик самимона табрик гуфт.
Дар ин бора Сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст.
Дар паёми худ Пизишкиен таъкид кардааст, ки робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бародаронаи ду миллат заминаи муҳиме барои тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳамаи соҳаҳо мебошад. Бо иродаи муштарак, муносибатҳои ду кишвар дар роҳи рушду таҳкими бештар қарор хоҳанд гирифт.
Барои Президенти Тоҷикистон саломатӣ ва барои мардуми ин кишвар пешрафт ва шукуфоиро орзу менамоям! Абдураҳмон Раҳмонов
Блоки рекламавӣ



