Шаби санаи 12 ноябри соли 2025, тақрибан соати 22:30 дақиқа дар бозори “Гулистон”-и Ҷамъияти матлуботи шаҳри Панҷакент, ки дар он либосу пойафзол ва матоъу дигар мавод фурӯхта мешавад, сӯхтор сар зад.
Тавре дар қисми мустақили №35-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд оид ба муҳофизати шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, сӯхтор дар муддати кӯтоҳ масофаи 792 метри мураббаъро фаро гирифт.
Барои хомӯш кардани сӯхтор ва пешгирии паҳн шудани он 11 нақлиёти оташнишонӣ ва обкашонӣ, кормандони хадамоти оташнишонӣ сафарбар шуда, он соати 02:30 дақиқа хомӯш карда шуд.
Санҷиши авалия нишон дод, ки аз сӯхтор тахминан 280 нуқтаи савдои дохили бозор ва 20 мағозаи шафати он зиёни ҷиддӣ дида, комилан сӯхтаанд.
Дар ҷараёни хомӯш кардани сӯхтор ба маблағи тақрибан 27 миллион сомонӣ молу амволи дӯконҳои бозор ва манзилҳои истиқоматии шафати он аз сӯхтор эмин дошта шуд.
Хушбахтона дар натиҷаи сӯхтор ба ягон нафар шаҳрвандон зарари ҷисмонӣ ва ҷонӣ нарасидааст.
Ҳоло дар ҷойи ҳодиса ҳайати кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, намояндагони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ барои муайян намудани сабабу омилҳои сар задани сӯхтор ва ҳаҷми пурраи зиёни расида фаъолият карда истодаанд.
Нисбат ба ҳодисаи баамаломада қарори қонунӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор қабул карда мешавад.
Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ситоди доимамалкунанда барои баррасии муроҷиатҳои зарардидагон ташкил карда шудааст.
Аз тамоми сокинони шаҳри Панҷакент, масъулини марказҳо ва нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ хоҳиш менамоем, ки қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намоянд.
МИҲД Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь