Писари асосгузори шабакаи либосҳои испании mango Исак Андик, – Ҷонатан дар марги падари худ гумонбар дониста шуд. “Ин пас аз дубора боз кардани тафтишот дар моҳи марти соли 2025 рух дод”, – хабар медиҳад Pais бо истинод ба манбаъҳои наздик ба тафтишот. Исаак Андик 14 декабри соли 2024 пас аз афтидан дар вилояти Барселона аз дунё гузашт. Он рӯз ӯ бо писараш дар сайругашт буд. “Пештар парвандаи марги ӯро баста буданд, аммо додгоҳи шаҳри Марторел тасмим гирифт, ки ба омӯзиши ҳолатҳои фоҷиа шурӯъ кунад”, – мегӯяд рӯзнома.
Бо вуҷуди набудани далелҳои қобили эътибор алайҳи Ҷонатан Андик, тафтишот ба шаҳодатҳои зидди вай шубҳа дошт. Оилаи Исак Андик дар шарҳи Pais изҳор дошт, ки ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома медиҳад ва умедвор аст, ки бегуноҳии писараш ба зудӣ исбот хоҳад шуд.
Исаак Андик ширкати Mango-ро дар якҷоягӣ бо бародараш Наҳман дар соли 1984 таъсис додааст. Тибқи маълумот дар соли 2023, даромади ширкат 3,1 миллиард евроро ташкил медод.Сарвати ҷаноби Андик 4,5 миллиард доллар арзёбӣ карда шуд. Вай дар байни 5 нафар сарватмандони Испания буд.

Pais: Марги Mанго Андик чун куштор тафтиш мешавад
Блоки рекламавӣ


