Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бози Осиё-2025 (Hangzhou Asian Open 2025) дар риштаи ҷудо, ки рӯзҳои 6-7-уми сентябр дар шаҳри Ҳангжоуи Чин баргузор мешавад, иштирок мекунанд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар ин мусобиқаи қитъаи Осиё 90 варзишгар (53 мард ва 37 зан) қувва озмоянд.
Дар мусобиқаи Hangzhou Asian Open 2025 ба ғайр аз гуштигирони даҳ кишвари Осиё – Қазоқистон, Кореяи Ҷанубӣ, Макао, Муғулистон, Тайланд, Тайпейи Чин, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳонконг ва Чин, намояндагони Австралия, Канада, Зеландияи Нав ҳам ҳастанд.
Тоҷикистонро дар мусобиқаи бози Осиё-2025 дар Ҳангжоу шаш паҳлавон дар сабқати мардон Абдулло Қуқаншоев дар вазни то 60 кило, Набии Нуралӣ дар вазни то 66 кило, Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кило, Сайфиддин Боймирзоев, Саидмуъмин Шарифзод ва Муҳаммадраҳим Сарахонов, ҳарсе дар вазни то 81 кило бахташонро месанҷанд.

Паҳлавонони тоҷик ба Чин мераванд
Блоки рекламавӣ


