Истиқболи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Узбекистон Назарбеков Озодбек Аҳмадович аз ҷониби роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкориҳои фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт. Ҷаласаи навбатии Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо мақсади рушду тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ баргузор мегардад.
Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун омили муҳими муттаҳидсозӣ дар асоси умумияти таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои маънавӣ ва арзишии халқҳо ташкил шудааст. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь