Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябр) озмуни «Беҳтарин ролик дар васфи Пешвои миллат»-ро эълон менамояд.
Тавре аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар додаанд, роликҳо бояд фаъолияти пурсамар, талошҳои созанда ва хидматҳои арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, амнияту субот ва рушди устувори ҷомеа инъикос намоянд.
Навори видеоӣ бояд бо сифати хуб ва мундариҷаи тарбиявию ватандӯстона пешниҳод гардида, ҳаҷми он то 5 дақиқаро дарбар гирад.
Ғолибони ҷойи аввал бо 20 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд. Муҳлати пешниҳоди роликҳо то 14 ноябр мебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь