Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Барномасози ҷавон» баргузор шуд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Хонандагони боистеъдод аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳорати худро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба озмун пешниҳод карданд.
Озмун дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 мегузарад.
Тибқи талаботи низомнома, озмун барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат ташкил шуда, 4 бахшро дар бар гирифт: барномасозӣ, веб-барномасозӣ, сохтани манбаи маълумот (базаи додаҳо) ва сохтани шабакаҳои иттилоотӣ.
Ғолибон бо туҳфаҳо ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сарфароз гаштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь