Бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) сохтмони бинои нави Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогении Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон идома дорад.
Тавре аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, бинои озмоишгоҳ дар 384 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат аст. Иншоот бо тарҳи зебо ва мутобиқ ба талаботи замони муосир пешбинӣ шуда, барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар самти энергетикаи гидрогенӣ ва татбиқи технологияҳои навтарин шароити мусоид фароҳам меорад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба истифода додани чунин озмоишгоҳи замонавӣ ба рушди таҳқиқоти илмӣ, татбиқи ихтирооту навовариҳо ва тақвияти ҳамкории илмӣ дар соҳаи энергетика мусоидат менамояд. Баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани бино дар дохили он 6 озмоишгоҳ бо таҷҳизот ва технологияҳои муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь