Варзишгарони тоҷик то 6 октябр дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон идома доранд, соҳиби 19 медал (1 тилло, 4 нуқра ва 14 биринҷӣ) шуданд.
Ягона медали тиллоро варзишгари наврас ва шинохтаи тоҷик Беҳрӯз Умаров 5 октябр дар мусобиқа оид ба намуди бокс соҳиб шуд. Вай дар вазни то 50 кило дар финал бар Азизбек Шокирҷонов аз Ҷумҳурии Узбекистон ғолиб омад.
Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 142 варзишгар ҳастанд, ки дар 18 намуд қувва месанҷанд.
Се медали нуқраи Тоҷикистонро дар ин бозиҳо Юсуф Замонов аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни то 50 кило, Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 кг, Акбарҷон Абдуллоев дар вазни 57 кг аз риштаи бокс ва Муҳаммадӣ Раҷабов дар қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 500 метр гирифтаанд.
14 медали биринҷиро варзишгарони ҷавони тоҷик — Абдуҷаъфари Баҳодур дар вазни то 54 кг ва Нурулло Муродов дар вазни то 74 кг, ҳарду аз намуди таэквондо WT, Назаралӣ Холов дар вазни то 64 кг ва Ёсин Ҳукуматов дар вазни то 71 кг, ҳарду аз намуди самбо, Идрис Баҳромов дар вазни 71 кг ва Алиризо Баҳромов дар то 80 кг, ҳарду аз намуди гӯштини тарзи озод, Дамир Назаров дар вазни то 46 кг, Умарҷон Асроров дар вазни то 66 кг, Амир Нозимов дар вазни то 75 кг ва Фурӯғ Сарҳадзода дар вазни то 60 кг дар байни духтарон, ҳар чорашон аз намуди бокс, Абубакр Худоиев дар вазни то 55 кг ва Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг, ҳарду аз намуди гӯштини ҷудо, Муҳаммадӣ Раҷабов аз намуди варзиши қаиқронӣ дар каноэ ба масофаи 200 метр, инчунин Ислом Носиров, Далер Носиров дар каноэи дукаса ба масофаи 200 метр соҳиб гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь