Варзишгарони наврасу ҷавони тоҷик то 8 октябри соли 2025 дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Ҷумҳурии Озарбойҷон идома дорад, соҳиби 22 медал (1 тилло, 5 нуқра ва 16 биринҷӣ) шуданд.
7 октябр дар маҷмааи варзишии шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рақобатҳо оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир гардиданд. Паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷик сазовори як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гардиданд. Медали нуқраро Алишер Рузиматов дар вазни 71 кг сазовор гардида, медалҳои биринҷиро Муҳаммадёсин Ибодуллоев дар вазни то 45 кг ва Маҳдӣ Баротов дар вазни то 55 кг аз намуди гӯштини юнону румӣ соҳиб шуданд.
Варзишгарони тоҷик дар баробари чор медали биринҷӣ аз намуди самбо ва таэквондо 15 медали дигар ба даст оварданд. Аз ҷумла, аз намуди бокс муштзанҳои навраси тоҷик сазовори 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ гардиданд.
Ягона медали тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо то имрӯз Беҳрӯз Умаров дар вазни 50 кг соҳиб шуд. Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 кг, Акбарҷон Абдуллоев дар вазни 57 кг медали нуқра, Фурӯғ Сарҳадзода дар вазни 60 кг байни духтарон, Дамир Назаров дар вазни 46 кг, Умарҷон Асроров дар вазни 66 кг ва Амир Нозимов дар вазни 75 кг сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.
Аз намуди гӯштини ҷудо Юсуф Замонов дар вазни то 50 кг медали нуқра, Абубакр Худоиев дар вазни то 55 кг ва Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг медалҳои биринҷӣ гирифтанд.
Дар қайиқронӣ Муҳаммадӣ Раҷабов дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 500 метр медали нуқра ва ба масофаи 200 метр медали биринҷӣ гирифт. Ҳамчунин ҷуфти Ислом Носиров/Далер Носиров (К-2, 200 метр) сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар намуди гӯштини тарзи озод Идрис Баҳромов дар вазни то 71 кг ва Алиризо Баҳромов дар вазни то 80 кг медали биринҷиро соҳиб шуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 142 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш ширкат карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь