Дар ин бора, додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти хабарӣ гуфтааст. Ба қавли ӯ, гунаҳкорони ин кушторҳои мудҳиш вазнинтарин ҷазо, мутобиқи қонуни Тоҷикистонро гирифтанд.
“Онҳо ба ҳабси абад маҳкум шуданд”, – гуфтааст Ҳабибулло Воҳидзода.
Дар ин парванда чаҳор нафар даст доштанд – ду сокини 26 ва 27 – солаи деҳоти Гулбоғ, ду муттаҳами дигар мардҳои 28 ва 36 – сола сокинони деҳоти Лоҳутӣ ва Ҳамробоев.
Ба иттилои Додситонии кулл, ин ҳодисаи мудҳиш силсикушторҳо буда, дар паи он 15 узви 5 хонавода, аз ҷумла 5 ноболиғ ба қатл расидааст.
Ёдовар мешавем, ки куштори сокинони Конибодом аз моҳи апрели соли 2024 шурӯъ шуду чандин моҳ давом карда буд.
Блоки рекламавӣ