Додгоҳи минтақаи Твери вилояти Маскав рӯзи 18-уми декабр Тимофей К, гумонзад ба қатли Қобилҷон Алиевро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Додгоҳ бо талаби Кумитаи тафтишоти Руссия Тимофейи 15-соларо ҳабс кард ва давоми ду моҳ бояд парвандаи ӯ тафтиш шавад.
Дар санаде, ки сомонаии додгоҳ пахш кард, дида мешавад, ки алайҳи Тимофей К. бар асоси қисми 2-и моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Руссия парванда боз кардаанд.
Ин банди қонун куштори ноболиғ бар асоси нафрат ё душмании идеологӣ, нажодӣ, миллӣ ё диниро пешбинӣ мекунад.
Қонунгузории Руссия барои ин иттиҳом аз 8 то 12 сол зиндон ва ё ҳабси абадро пешбинӣ мекунад.
Тимофей, хонандаи синфи 9 буд ва рӯзи 16-уми декабр баъди куштани Қобилҷон Алиеви 10-сола дар мактаб боздошт шуд.
Кумитаи тафтишотии Руссия хабар дод, ки ин наврас дар аввалин бозпурсӣ ба гуноҳаш иқрор шуда гуфтааст, чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь