Покистон ва ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон эълон карданд, ки ба муносибати Иди Фитр, бо дархости Арабистони Саудӣ, Қатар ва Туркия муваққатан оташбас эълон намудаанд.
Атоуллоҳ Тарар, вазири иттилооти Покистон гуфт, ин оташбас аз панҷшанбе то нимаи шаби душанбе иҷро мегардад. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, “Покистон ин иқдомро ҳамчун ҳусни ният ва дар ростои риояи арзишҳои исломӣ анҷом медиҳад”.
Аммо Атоуллоҳ Тарар ҳушдор дод, ки “дар сурати ҳар гуна ҳамла, ҳамлаи паҳбодӣ ё ҳар ҳодисаи террористӣ дар дохили Покистон, амалиётҳо фавран оғоз мешаванд”.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид , сухангӯи ҳукумати “Толибон” аз қатъи муваққатии даргирӣ миёни ду тараф хабар дод. Аммо сухангӯи ҳукумати “Толибон” ба замони поёни ин оташбас ишора накард.
Ӯ дар баёнияе гуфт, ки онҳо ба муносибати Иди Фитр ва низ бо миёнаравии кишварҳои исломӣ, аз ҷумла, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Қатар, амалиёти дифоии “Ради зулм”-ро ба таври муваққатан қатъ месозанд.
*”Толибон” – Ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь