Доналд Трамп дар бораи оташбаси дуҳафтаина дар ҷанг бо Эрон эълон кард. Дар иваз Теҳрон обдараи Ҳурмузро мекушояд
Президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод, ки Иёлоти Муттаҳида бомбаборони Эронро барои ду ҳафта бо шарти кушодани фаврии гулугоҳи Ҳурмуз бозмедорад. Дар ин бора Трамп дар шабакаи иҷтимоии Truth навишт.
Президенти ИМА изҳор дошт, ки сулҳ дуҷониба хоҳад буд:
“Мо аз Эрон пешниҳоди даҳ шарт гирифтем ва онро заминаи қобили гуфтушунид мешуморем” – навиштааст Трамп.
Мақомоти Эрон розигии худро ба оташбас тасдиқ карданд. Дар изҳороти расмии Теҳрон гуфта мешавад, ки ин кишвар “ғалабаи бузург ба даст овард ва Амрикои ҷинояткорро маҷбур кард, ки нақшаи даҳ шарти ҷониби онҳоро қабул кунад”.
Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Аракчӣ дар як хабари алоҳида тасдиқ кард, ки дар давоми ду ҳафта киштиҳо метавонанд аз ағбаи Ҳурмуз гузаранд, ба шарте амалиёти худро бо низомиёни эронӣ ҳамоҳанг созанд. Баъдтар Трамп скриншоти ин паёмро дар Truth нашр кард. Расонаҳо давлатии Эрон инчунин хабар доданд, ки музокироти мустақим байни Эрон ва ИМА рӯзи даҳуми апрел дар Покистон оғоз мешавад.
Сухангӯи кохи Сафед Каролин Ливитт тасдиқ кард, ки ИМА ин имкониятро баррасӣ мекунад. Мавсуф таъкид кард, ки дар ин бора интизори изҳороти расмии Трамп аст.
The New York Times бо истинод ба се мансабдори эронӣ менависад, ки Теҳрон пешниҳоди оташбасро “пас аз талошҳои ноумеди дипломатии Покистон” ва дахолати Чин қабул кард. Дар лаҳзаи охир ин кишвар Эронро даъват кард, ки “пойдор” бошад.
Исроил, тавре ки CNN бо истинод ба манбаъҳояш менависад, инчунин ба оташбаси дуҳафтаина ҳамроҳ мешавад.
Маълум нест, ки оташбас кай эътибор пайдо мекунад. Аллакай пас аз изҳороти Доналд Трамп, Исроил ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи партоби нави мушакҳо ва дронҳо аз Эрон хабар доданд. Паёми Трамп камтар аз ду соат пеш аз мӯҳлате, ки ба Эрон барои ифтитоҳи обдараи Ҳурмуз дода буд, нашр шуд. Трамп қаблан изҳор дошта буд, ки дар акси ҳол “тамоми тамаддун имшаб мемирад”.
Чанд соат пеш аз изҳороти Трамп, сарвазири Покистон-миёнарави асосии музокирот Шаҳбоз Шариф ба таври оммавӣ аз Президенти ИМА хоҳиш кард, ки барои ба даст овардани созишномаи сулҳ мӯҳлати ду ҳафтаро ба таъхир гузорад. Дар ҳамон вақт Шариф аз Эрон хоҳиш карда буд, ки ағбаи Ҳурмузро ҳамчун ишораи “иродаи нек” кушояд.

Оташбас!
Блоки рекламавӣ


