Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, ромишгари беназир устод Ҳотам Пулодов моро тарк гуфт.
Пулодов Ҳотам 10.07.1936 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ба дунё омадаанд.
Соли 1964 ба сифати роҳбари дастаи ҳаваскорони ноҳияи Айнӣ кор карда, Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (1969, ҳоло коллеҷи фарҳанги н. Рудакӣ) – ро хатм кард.
Солҳои 1969-2010 ҳамчун мутриб-сароянда дар ансамбли шашмақомсароёни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият бурд.
Аз зумраи дуторнавозони шинохтаи кишвар буда, оҳангхои классикиро рӯи ин сози мардумӣ дар ҳамовозии дигар асбобҳои мусиқӣ, ба монанди «Муноҷот», «Насри Сегоҳ», «Дилхироҷ», «Нимчӯпонӣ», «Самоъи Дугоҳ», «Рок», «Гардуни Рост», «Гардуни Наво», «Таронаи баёт», «Наврӯзи Аҷам» дар хазинаи мондагори миллат сабт намуд. Чанде аз оҳангхои офаридааш «Насими куҳсор», «Бахт», «Орзу», «Садои дили ман», «Дар таги сада», «Гули бодом», «Ороми дил» ва ғайра дар фазои ҳунарӣ танинандоз аст.
Ҳамзамон, ҳамчун сароянда таронаҳое, чун «Муниси дил», «Оташи ишқ», «Дареғ», «Ҷонам марав», «Чашмони ёр», «Тоқи абрӯ»-ро иҷро намуд.
Дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи М.Атоев (бахши мусиқии анъанавӣ) дарс додааст.
Иштирокдори Симпозиумҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд, 1978, 1983, Душанбе, 2006), Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Ӯзбекистон ва дигар ҷашнвораҳост. Ҳунарпешаи Шоистаи ҷумҳурӣ буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь