Раҳбари Қазоқистон пас аз чанд рӯзи бозгашт аз Вашингтон ба Маскав сафар кард.
Рӯзи 11-уми ноябр ӯ, бо Владимир Путин, Президенти Руссия, мулоқоти як ба як доир намуда, барномаҳои муштарак дар соҳаи нафту газ ва таъсири таҳрими амрикоии ширкатҳои бузурги нафти Руссияро баррасӣ кардаанд.
Қосимҷомарт Тоқаев дар нишасти муштарак бо Путин рӯзи 12-уми ноябр гуфт, ки бо Русия дар самти густариши ҳамкориҳо дар соҳаи истихроҷ ва интиқоли нафту газ, маводи сӯхт, ангишт ва нерӯи барқ мувофиқат кардаанд.
“Мо ба таври муфассал ҳамкориҳои соҳаи газ ва бавижа расондани газ ба манотиқи марзӣ бо Русия ва ҳамчунон содироти газ ба кишварҳои сеюмро арзёбӣ намудем,”—гуфт Тоқаев.
Сухангӯйи Кремл Дмитрий Песков ба хабарнигорон гуфт, ки раҳбарони Руссияву Қазоқистон фаъолияти Консортсиуми Лӯлаи нафти Каспийро баррасӣ карданд. 80 дар сади нафти Қазоқистон тавассути ин лӯла ба бандарҳои русӣ дар Баҳри Сиёҳ ва аз онҷо ба бозорҳои ҷаҳонӣ содир карда мешавад. Дар ин лоиҳа ширкатҳои азими Шеврон ва Эксонмобили Амрико низ саҳм доранд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь