Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев барои иштирок дар Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Руссия» ва ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ба пешвоз баромаданд.
Ёдовар мешавем, ки 9 октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» сурат мегирад.
Рӯзи 10 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь