Панҷуми октябр сӯҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Токаев баргузор гардид.
Президенти Қазоқистон зимни сӯҳбат Президенти Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Сарвари давлати мо сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.
Сарони давлатҳо ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ибрози назар намуданд.
Блоки рекламавӣ



