Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ рӯзи панҷшанбе барномаи бузургеро тасдиқ кард, ки нахустин бозори минтақавии нерӯи барқ дар кишварҳои Осиёи Марказиро поягузорӣ мекунад.
Тарҳи мазкур, ки «Пайвастагӣ ва тиҷорати минтақаии бозори барқ» ва ё REMIT унвон гирифтааст, қарор аст, дар як 10-сола ва дар се марҳила иҷро шавад ва бо ҳадафи тақвияти пайванди хатҳои барқ дар саросари Осиёи Марказӣ тарҳрезӣ шудааст. Бонки Ҷаҳонӣ бо нашри як баёнияи расмӣ дар рӯзи 23-уми январ гуфт: «Афзоиши тиҷорати барқ, густариши зарфияти хатҳои интиқол ва бунёди зерсохтҳои лозим барои ба ҳам овардани манобеи энержии таҷдидпазир дар шабака, аз ҳадафҳои аслии ин тарҳ аст.»
Дар марҳилаи аввали барнома, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ҳамроҳи Маркази ҳамоҳангсозии мудирияти шабакаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо номи «Энергия» аз қарзҳои боимтиёз ва кумакҳои ройгон бо арзиши бештар аз 143 миллион доллар баҳраманд мешаванд. 140 миллион долларро «Анҷумани Тавсеаи Байналмилалӣ», ки вобаста ба Бонки Ҷаҳонист ва 3.2 миллион доллар грант ва ё кумаки ройгонро «Барномаи об ва энергияи Осиёи Марказӣ» (CAWEP) ихтисос медиҳанд.

Осиёи Марказӣ бозори ягонаи харидуфурӯши барқ таъсис медиҳад
Блоки рекламавӣ


