Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 38-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ки пеш бо қисми 1 моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи январи соли 2025 то ин ҷониб бо зани 38-солаи сокини ноҳияи мазкур муносибати ошиқона дошта, моҳи июли соли 2025 бо мақсади тасарруфи молу мулк бо роҳи тамаъҷӯӣ, яъне бо таҳдиди ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда нисбати ҷабрдида, яъне ба шавҳари охирон ифшо кардани муносибатҳои ошиқонашон аз охирон ҳазор доллари амрикоӣ талаб намуда гирифта, такроран моҳи августи соли 2025 бо роҳи тамаъҷӯӣ боз 600 доллари амрикоиро гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ошиқ бо таҳдид 1600 долларро соҳиб шуд
Блоки рекламавӣ


