Алимуҳаммад Муродиро шоири мардумӣ гӯянд. Чун бе кашидани заҳматҳои таблиғу тарғиб мардум дӯсташ доштанд, хонандааш шуданд, эътирофаш намуданд. Ҳарфи қалби ӯ мешавад тавлид дар гӯшае дур аз шуру фитнаву фарёд, аммо фарогир мешавад кулли ин диёрро.
Ӯ мегӯяд “Бечоравор гиря макун пеши зиндагӣ” ва “Чун шаҳсавор” ба “зӯр”-и ин “аспи маст” савор гаштаву “ёлаш” гирифта сахт ба дасту панҷаи мардӣ. Ҳеҷ гоҳе нагашта дилхун аз савлати каргастабиатон. Мамнун аст аз он ки мезияд шабеҳи уқобу шокир аст ба рӯзии кам.
– “Аслан, гузаронидани ҷашну тантанаҳоро хуш надорам, вале агар Иттиҳодияи нависандагон барои муборакбодиям ҷамъомаде ташкил мекард, муқобилият намекардам. Ба ҳар ҳол раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ – Мирзозода Нуруллоҳ Абдулҳай ҷавонмардӣ карда, як пиёла чой ташкил карданд, ки як маҳфили хубу хотирмон бо иштироки ёру дӯстон, адибону ихлосмандони ноҳияву Душанбе баргузор шуд.
…. Солҳост, ки аз ҳисоби Вазорати фарҳанг китоб чоп накардаам. Китобҳои солҳои охир чоп кардаам, бо ҳиммату дастгирии баъзе роҳбарону ҷавонмардони саховатпеша ба табъ расидаанд, ки адади наш-рашон хеле кам аст. Онҳоро ихлосмандон (аксар бо тариқи туҳфа) гирифта мебаранд. Бинобар ин, ба тарғибу ташвиқи китобҳоям ҳоҷат намемонад… Нияти ба Душанбе баргаштан надорам, аммо бисёр мехоҳам, ки дар он ҷо ақаллан як хонаи якҳуҷрагӣ дошта бошам, ки ҳар вақт рафта дар ҳолати оромиву танҳоӣ навиштаҳову нақшаҳои эҷодиямро сару сомон диҳам, аммо ин орзуест, ки амалӣ шуданӣ нест. Бо панҷсад сомонии нафақаи ман хона харида намешавад…- мегӯяд шоири соҳибном.
Сайёраи ҚИЁМИДДИН, “ҶТ”



