“Таҳдидҳои Владимир Зеленский дар бораи ҳуҷум ба лӯлаи ” Дӯстӣ” беҷавоб нахоҳад монд – гуфт сарвазири Маҷористон Виктор Орбан дар саҳифааш дар “Фесбук”.
“Зеленский ошкоро ба Маҷористон таҳдид мекард. Вай иқрор шуд, ки аз қатори онҳоест, ки лӯлаи “Дӯстӣ” – ро оташ мезанад, зеро мо дар ин масъала ӯро дастгирӣ намекунем. Аз ин бармеояд, ки дар Маҷористон қарори дуруст қабул кардаанд. Таҳдиди Зеленский паёмади тӯлонӣ хохад дошт” – гуфт сиёсатмадор. Вай инчунин қайд кард, ки ба Иттиҳоди Аврупо наметавон бо шантаж, кӯшиши таркишҳо ва таҳдидҳо ворид шаванд.
Блоки рекламавӣ



