Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 37-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 17-уми октябри соли 2025, тахминан соати 13:30-дақиқа, як нафар шахси ношинос духтари ноболиғи 16-солааш ва ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро аз назди маркази “Эҷоди кӯдакон”, воқеъ дар кӯчаи 20-солагии Истиқлолияти ҳамин шаҳр худашро ҳамчун корманди ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, бо роҳи маҷбурӣ ба автомашинаи тамғаи “Ласети” савор карда, дар роҳ бо роҳи таҳдид аз онҳо 1-адад телефони мобилӣ ва 80 сомониашонро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе содир намудааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь