Ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён бо ариза марди 33-солаи сокини шаҳри Бохтар, ронандаи ҶДММ “Чакан Таксӣ” муроҷиат намудааст, ки шаби 23 ба 24-уми декабри соли 2025 ҳангоми дар ҳудуди шаҳри Бохтар ба мусофиркашонӣ машғул буданаш 2 нафар ҷавони ношинос дар автомашинааш нишаста дар кӯчаи С.Шерозии ноҳияи Кӯшониён бо истифода аз корди хоҷагидорӣ ба ӯ таҳдиди зуроварӣ намуда, дар қисмати рости гарданаш зарба зада, аз ҷайбаш 400 сомониро тасарруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонони 24 ва 18-солаи сокинони ноҳияҳои Кӯшониён ва Сангвор, ки пеш якеашон бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Ғоратгарӣ дар Кӯшониён
Блоки рекламавӣ


