Дар тӯли 20 сол, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон танҳо дар музокироти сатҳи вазирон бо Ҷопон иштирок мекарданд. Акнун, ин формати ҳамкорӣ метавонад ба сатҳи нав бирасад.
Ҳукумати Ҷопон нақша дорад, ки аввалин саммити худро бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон баргузор кунад. Ин мулоқот метавонад моҳи декабри соли 2025 дар Токио баргузор шавад, аммо санаи дақиқ ҳанӯз эълон нашудааст. Шабакаи NHK дар ин бора бо истинод ба ҳукумати Ҷопон хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки дар тӯли 20 сол панҷ ҷумҳурӣ бо Ҷопон танҳо дар сатҳи вазирон ҳамкорӣ кардаанд. Азбаски панҷ кишвари Осиёи Марказӣ қаблан қисми Иттиҳоди Шӯравӣ буданд, онҳо бо Русия робитаҳои наздик доранд. NHK қайд мекунад, ки Чин низ бо ин давлатҳо ҳамкорӣ мекунад.
Санае Такайчи, сарвазири Ҷопон, умедвор аст, ки аз саммити дарпешистода ҳамчун фурсат барои тақвияти муносибатҳо бо кишварҳои дорои захираҳои табиӣ, тақвияти амнияти иқтисодӣ ва пешрафти ҳамкорӣ дар як қатор соҳаҳо истифода барад.
Дар доираи 20-умин солгарди Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон, ҷонибҳо нақша доштанд, ки дар моҳи августи соли 2024 дар Қазоқистон нишасти сатҳи баланд баргузор кунанд. Аммо, чорабинӣ дар лаҳзаҳои охир бинобар ҳушдорҳо дар бораи эҳтимоли заминларзаи шадид дар Ҷопон лағв карда шуд.

Ҷопон барои баргузории аввалин саммит бо кишварҳои Осиёи Марказӣ омодагӣ мебинад
Блоки рекламавӣ


