Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дастур дода шуд, ки лоиҳаи қонун дар бораи бостоншиносӣ таҳия гардида, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, бо вуҷуди он ки ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ин меросро ташкил медиҳанд, дар мамлакат қонуни соҳаи бостоншиносӣ мавҷуд нест.
Тавре директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷазода иброз намудааст, дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва таъриху фарҳангсозӣ бо суръат идома дорад, мероси таъриху бостонӣ ва фарҳангӣ ба рукни асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ, омили худшиносию худогоҳии ҳар миллат табдил ёфтааст.
Таъсиси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ибтикор ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудааст, бори дигар таваҷҷуҳи хоссаи ҳукумати мамлакатро ба соҳаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ба наслҳои оянда ба таври сазовор мерос мондани онҳо нишон медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь