Мақомоти интизомии Тоҷикистон дар ду соли охир даҳҳо нафарро, ки худро блогер муаррифӣ мекунанд, барои пахши наворҳои берун аз ҷаҳорчӯби ахлоқ ҷазо додаанд.
Ниҳодҳои давлатӣ гоҳе аз хадамоти онҳо истифода мекунанд, вале мегӯянд, блогерӣ бояд ба танзим оварда шавад. Бону Маллаева, намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфтааст:
“Вазорати фарҳанг ҳамчун пешбарандаи сиёсати фарҳангу ҳунар тавассути гурӯҳи корӣ тамоми тағйиру иловаҳоро ба қонунгузорӣ пешниҳод кардааст, аз ҷумла лоиҳаи дастурамали ҳуқуқвайрокунӣ аз ҷониби ҳунармандони ғайрикасбӣ ва блогероне, ки қонуншиканӣ мекунанд.»
Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералии Тоҷикистон: “Фикр дорем, ки мумкин, ки лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳамин масъалаҳо қабул карда шавад. Вале ин омӯзишро талаб мекунад. Аз ҷониби кормандони прокуратура ин ҳолат омӯхта, дар ҳолати зарурӣ ҳамин лоиҳаи қонунро пешниҳод карда метавонем. Мо дар ҳамин фикр ҳастем.»
Аммо рӯзноманигор ва блогери шинохта Орзу Исоев:Дар қонунгузории кишвар муҷозот барои бадгӯиву бадахлоқӣ пешбинӣ шудааст ва ниёз ба қонунгузории дигар нест.
Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ: “Андешаи шахсии ман ин аст, ки ягон қонун зарурат надорад. Агар шахс аз ҳуқуқи худаш ба озодии баён, ба озодии сухан истифода карда, дар доираи қонун андеша назар, пешниҳоди худашро дар фазои иттилоотӣ пешниҳод кард, ягон мушкилот пеш намеояд. Лекин мутаассифона, блогерон бозичаи дасти баъзе аз дастандаркорон шудаанд ва онҳо мехоҳанд, ки дар фазои иттилоотӣ ҷудоиандозӣ миёни расонаҳо, журналистон ва блогеронро барангехта худашон аз он манфиат бардоранд».
Алишер Зарифӣ, Амир Исоев

Қонун барои блогерон: Зарурат ҳаст, ё не?
Блоки рекламавӣ


