Бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгор ва дар доираи амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арафаи Рӯзи омӯзгорон раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд ба аёдати ду нафар аз омӯзгорони собиқадори ноҳия рафта, онҳоро бо Иди касбиашон табрик намуд.
Ин иқдоми нек, ки пайваста бо ташаббуси роҳбарияти ноҳия амалӣ мегардад, ифодагари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба табақаи омӯзгорони пуртаҷриба ва хизматкарда маҳсуб ёфта, намунаи олии эҳтиром ба омӯзгор ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Блоки рекламавӣ



