Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Халон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 5 км роҳи мошингард пурра асфалтпӯш карда шуда, дар назар аст, ки то охири сол боз 5 км роҳи дигар таъмири асосӣ карда шавад.
Сардори муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ҷомӣ, Шаҳбоз Тошов иттилоъ дод, ки аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ дар ин давра бо харҷи наздики 3 миллион сомонӣ 5 км роҳҳои харобгаштаи маҳаллӣ пурра таъмири асосӣ карда шуд.
Ӯ гуфт “аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин давра 190 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 150 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо ҷудо карда шудааст, ки бо ин маблағ 50 км роҳҳо таъмири ҷорӣ карда шуд”.
Қайд гардид, ки таъмири роҳҳо дар ноҳия идома дошта. то охири сол бояд боз 5 км роҳи харобгаштаи дигар пурра таъмир карда шавад.

Ҷомӣ: Панҷ километр роҳ асфалтпӯш шуд
Блоки рекламавӣ