Корхонаҳои истеҳсолӣ ва содиркунандаи хушкмева дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо иштирок дар давраи омӯзишӣ дар бораи таҳияи таснифоти маҳсулот барои фурӯши чакана қадами муҳиме дар самти омодагӣ ба бозорҳои байналмилалӣ гузоштанд, ки ҷиҳати мувофиқаташон ба талаботи бозори байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Давраи омӯзишӣ дар доираи ҳамкории муштараки лоиҳаҳои Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) дар Тоҷикистон — “Пешбурди тиҷорат дар Шарқ” (бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария) ва “Ready4Trade Осиёи Марказӣ: Роҳ ба шукуфоӣ тавассути Долони нақлиётии моварои Хазар” (бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо) баргузор гардид.
Омӯзишро коршиноси байналмилалӣ Антон Эрви рӯзи 1-уми июли соли 2025 дар шаҳри Исфара гузаронид. Дар ҷараёни он ширкатдорон бо равандҳои тиҷоратӣ ва фаннии таҳияи таснифоти маҳсулоти хушкмеваӣ барои бозор шинос шуданд. Мавзӯъҳои давраи омӯзишӣ аз пешниҳоди намунаҳо, нархгузорӣ ва логистика, сертификатсия, миқдори намӣ ва SO₂, муҳлати нигоҳдорӣ, бастабандии маҳсулот ва ҳалли баҳсҳои фаннӣиборат буд.
Дар қисмати амалӣ ҷараёни омодасозии таснифоти маҳсулот нишон дода шуд, то ширкатдорон таҷриба ва эътимоди худро ҳангоми кор бо харидорони байналмилалӣ бештар гардонанд.
Азбаски корхонаҳои Суғд аз нигоҳи фаннӣ нисбатан рушд кардаанд, доштани дониши тиҷоратӣ ва мутобиқат ба талаботи харидорон барои бастани қарордодҳо бо шабакаҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ хеле муҳим аст.
“Ин омӯзиш ба ширкатҳо кӯмак мекунад, ки норасоиҳои мавҷуда байни истеҳсолот ва талаботи бозорро бартараф намоянд, раванди ба бозор баровардани маҳсулотро осонтар гардонда, ҳаҷми содиротро зиёд намоянд,” — мегӯяд ҷаноби Эрви.
Давраи омӯзишӣ як ҷузъи барномаи васеи МТБ барои тақвияти соҳаи хушкмеваи Тоҷикистон мебошад, ки омӯзиши ҳадафманд, дастгирии фаннӣ ва арзёбии пайвастаи корхонаҳоро фаро мегирад.
Баъд аз анҷоми омӯзиш, ҷаноби Эрви аз озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ дар назди ассотсиатсияи соҳавӣ ва якчанд ширкатҳои коркарди хушкмева боздид карда, имкониятҳои фаннӣ ва омодагии ташкилотии онҳоро арзёбӣ намуд. Ӯ дар як гузориши алоҳида тавсияҳо пешниҳод мекунад, ки ҳамчун раҳнамо барои рушди минбаъдаи соҳа истифода хоҳад шуд.
Ин омӯзиш танҳо як намуна аз талошҳои МТБ мебошад, ки ба соҳибкорони маҳаллӣ барои рушди донишу малакаҳои амалӣ ва баланд бардоштани қобилияти содирот кӯмак мерасонад. Бо тақвияти чунин малакаҳо, лоиҳа ба рушди рақобатпазирии хушкмеваи кишвар дар бозорҳои байналмилалӣ ва рушди устувори иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.