“Дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дастаҳои футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд вомехӯранд. Ин дидор 14 сентябри соли 2025, соати 17:00 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад” – хабар додааст Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Фонди ҷоизавии Ҷоми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол 100 ҳазор сомонӣ аст. Барандаи ҷоиза 60 ҳазор сомонӣ, иштирокчии рақобати финалӣ 40 ҳазор сомонӣ.
Дар бозиҳои нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон-2025 бозии аввал дар шаҳри Бохтар байни дастаҳои футболи «Вахш»-и шаҳри Бохтар ва Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, бо ҳисоби 4 бар 3 ба фоидаи дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд поён ёфт.
Дар бозии дигар, ки дар варзишгоҳи «Талко-арена»-и шаҳри Турсунзода дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бар дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.
Дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2025, ки 14 сентябри соли 2025 дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад, ғолиби феълии Ҷоми миллӣ – дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода бо дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд қувва меозмояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь