“Дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол барои дарёфти «Ҷоми Раиси ВМКБ» ҷамъбаст шуд, ки дар он дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори ҷои аввал шуд ” – гуфтанд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон .
Дар мусобиқа 6 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуда, маҳорати баланди касбӣ ба намоиш гузоштанд.
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дастгирии Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» 20 август оғоз шуда, 25 август ҷамъбаст гардид.
Дар бозии ниҳоӣ дастаи Душанбе-1 ва дастаи ВМКБ-1 сабқат намуда, бо ҳисоби 3 бар 0 ғолибият насиби дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд.
Ғолибон бо Ифтихорнома, медал, Ҷоми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва маблағи пулӣ гардиданд. Соҳибони ҷойи якум — 15 000 сомонӣ, ҷойи дуюм — 10 000 сомонӣ ва ҷойи сеюм — 5 000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь