Мусобиқаи байналмилалии гуштигирӣ барои «Ҷоми раиси шаҳри Душанбе» панҷууми апрел дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ баргузор шуд, бо пирӯзии паҳлавонон аз Тоҷикистон, Узбекистон ва Русия ба поён расид.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки бори ҳафтум сурат гирифт, варзишгарон аз 25 кишвар дар вазнҳои -65 кг, -78 кг, -86 кг, +86 кг байни мардон ва дар вазни то 70- килограмм миёни занон қувваозмоӣ намуданд.
Дар қувваозмоӣ миёни мардон дар ду вазн паҳлавонони тоҷик –Ёсин Бобокалонов (-65 кг) ва Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-78 кг) – ғолиб шуданд. Бобокалонов дар финал паҳлавони дигари тоҷик Сарвар Абдушукуровро мағлуб сохт. Наҷмиддинов дар финал бар паҳлавони узбекистонӣ Умед Эсанов ғалаба кард.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоӣ буд. Барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, барои ҷойи дуюм 5 ҳазор доллар ва барои ҷойҳои сеюм 2 ҳазору 500-доллар.
Бояд зикр намуд, ки соли 2022 ба гуштии миллии тоҷикӣ – «гуштигирӣ» – мақоми байнулмилалӣ доданд. Ин мақом дар Вазорати адлияи Швейтсария ба қайд гирифта шуда, гуштигирӣ соҳиби сертификати байнулмилалӣ гашт.

“Ҷоми раиси шаҳри Душанбе” насиби кӣ шуд?
Блоки рекламавӣ


