Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар меҳмонӣ бар Малдив ғолиб омад.
Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додаанд, ки бозӣ 14 октябр дар Варзишгоҳи миллии Мале баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи Тоҷикистон поён ёфт.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар меҳмонӣ бо Тимори Шарқӣ қувва меозмояд. Ин дидор 18 ноябр дар шаҳри Дарвини Австралия доир мешавад.
Блоки рекламавӣ



