Дастаи миллии Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар сафар ба дастаи Тимори Шарқӣ пирӯз омад.
Бозӣ имрӯз дар Варзишгоҳи Лигаи регбии Дарвин баргузор гардида, бо ҳисоби 5:0 ба фоидаи дастаи миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Аз ҳайати дастаи Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев ду гол зада, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев низ як голӣ заданд.
Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, яъне 31 марти соли оянда дар шаҳри Ҳисор дастаи миллии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Филиппин бозӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь