“Имрӯз, 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад” – хабар додаанд аз Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Пеш аз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи яккачини Филиппин роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо бозигарон, ситоди мураббиён ва кормандони маъмурии тими миллии Тоҷикистон вохӯрд.
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба даста дар бозии муҳими марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 барору муваффақият орзу кард.
Аз номи дастаи мунтахаби Тоҷикистон сармураббӣ Горан Стеванович ва капитани даста Аҳтам Назаров ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ва суханони руҳбаландкунанда сипос гуфтанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь