Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» ба муқобили дастаи яккачини Тимори Шарқӣ бо либосҳои анъанавии сафед қувва меозмояд.
Пеш аз бозӣ дар варзишгоҳи Лигаи регбии шаҳри Дарвини Австралия ҷаласа баргузор шуд, ки дар он масъулини бозӣ, кумитаи тадорукоти маҳаллӣ ва намояндагони дастаҳои Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон ширкат карданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш дастаҳо ранги либосҳои худро барои вохӯрии интизорӣ интихоб намуданд. Бозингарони Тоҷикистон либосҳои сафед ва Тимори Шарқӣ либосҳои сурх мепӯшанд.
Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон 18 ноябр дар шаҳри Дарвин баргузор гашта, соати 11:30 ба вақти Душанбе сурат мегирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь